«Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ба кӣ афзалият медиҳад - «Спитамен Бонк» ё «Ориёнбонк»?

«Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ба кӣ афзалият медиҳад - «Спитамен Бонк» ё «Ориёнбонк»?

© nbt.tj

Бонки содиротиву воридотии «Эксим Бонк»-и Ҳиндустон ба роҳандозии ҳамкорӣ ба бонкҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт «Спитамен Бонк» ва «Ориёнбонк»-ро мавриди назар қарор додааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо раҳбарияти Бонки миллӣ роҳбари «Эксим Бонк» Равиндранат Менон изҳор доштааст, ки дар баробари таҳкими рушди тиҷорат бо Тоҷикистон, бонк инчунин омода аст ҳамкориро бо бонкҳои Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ ва дастгирии низоми бонкӣ мусоидат намояд.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ, Равиндранат С.П. Менон барои ҳамкорӣ бонкҳои тиҷоратии ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСК “Ориёнбонк”-ро мавриди омӯзиш қарор дода, дар оянда барои маблағгузорӣ ба яке аз ин бонкҳо ҷиҳати дастгирии истеҳсолот, аз ҷумла истеҳсолоти ватанӣ ва ширкатҳои Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, изҳори таваҷҷуҳ намудааст.

Зикр мегардад, ки “Эксим Бонк”-и Ҳиндустон соли 1982 бо дастгирии ҳукумати Ҳиндустон ташкил ёфта, аз замони ташкилёбиаш то ба имрӯз дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорати хурду миёна, дар шакли воридоти таҷҳизоти техникӣ, тақвияти содироти маҳсулот, хизматрасонии логистикӣ ва сармоягузорӣ дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад.

«Спитамен Бонк» соли 2013 таъсис ёфта, молики пурраи саҳмияҳои ин бонк ширкати «Спитамен Иншуренс» мебошад, ки мансубияташро ба шахсони наздики раҳбарияти олии кишвар рабт медиҳанд. Роҳбарии ин бонкро менеҷери бонкии маъруф дар Тоҷикистон, замоне раиси «Агроинвестбонк»-и акнун дучори мушкилот Ниёзмурод Саидмуродов бар дӯш дорад.

Ба «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад.

Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9573 0.0025
EUR 11.8711 0.0191
RUB 0.1207 0.0011
CNY 1.5231 0.0015
Манбаъ: nbt.tj.