БМТ иҷозатномаҳои 2 ташкилоти қарзиро бозхонд. 24 ташкилоти дигар дар марҳилаи барҳамхӯрӣ

БМТ иҷозатномаҳои 2 ташкилоти қарзиро бозхонд. 24 ташкилоти дигар дар марҳилаи барҳамхӯрӣ

© news.tj


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд - «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва «Фермер»-ро бозхонд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 30 октябр дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул кардааст.

«Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд», - омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳамчунин 24 ташкилоти қарзии дигар дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 33 ташкилотҳои қарзии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд фаъолият доранд.

Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9542 0
EUR 11.9313 0
RUB 0.1192 0
CNY 1.5222 0
Манбаъ: nbt.tj.