Даъвати навбатии Тоҷикистон ба оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000

Даъвати навбатии Тоҷикистон ба оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000

© MFA

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, зимни суханронии хеш намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳаро барои таъмини  ҳарчӣ зудтари оғози татбиқи тиҷоратии  Лоиҳаи CASA-1000 даъват кард.

Гуфта мешавад, ӯ инчунин таъкид кард,  ки зимни вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барпо гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо  ба хулосае расиданд, ки   марҳилаи оғози  Лоиҳа  ҳарчи зудтар сурат гирад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000  ҳамчунин санади  тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд.

Дар вохӯрии сарони кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 моҳи июли соли равон дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар ин самт ҳарчи зудтар қарорҳои дахлдор қабул шуда, бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ гузошта, барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 соли 2020 ба нақша гирифта шуда, маблағи зарурӣ барои татбиқи он 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9573 0.0025
EUR 11.8711 0.0191
RUB 0.1207 0.0011
CNY 1.5231 0.0015
Манбаъ: nbt.tj.