Тоҷикистон аз хориҷа 850 млн. доллар қарз гирифтанист

Тоҷикистон аз хориҷа 850 млн. доллар қарз гирифтанист

© Getty


Ҳукумати Тоҷикистон муддати се соли наздик ният дорад, ки аз хориҷи кишвар ҳудуди 850 млн. доллар қарз дастрас кунад.

Ин ният дар Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 дарҷ ёфтааст, ки имрӯз, 15 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.

Зимни муаррифии барнома ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён изҳор намуд, ки ҳаҷми ҷалби қарзҳои хориҷӣ дар соли 2018 ба маблаги 196,5 млн. доллар, соли 2019 - 295,9 млн. доллар ва соли 2020 - 354,7 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазир, ин воситаҳо пеш аз ҳама барои таъмини маблағгузорӣ ба  самтҳои асосии афзалиятнок - раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷалб мешаванд.

Таъкид шуд, ки аз оғози сол барои пардохти қарзи берунаи Тоҷикистон 1 млрд. 232 млн сомонӣ (140 млн. доллар) равона гардидааст, аз ҷумла 537 млн. сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 695 млн. сомонӣ барои пардохти фоизҳо.

Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,3 млрд. долларро ташкил дод.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ барои амалисозии 9 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 404,3 млн. доллар 11 созишномаи қарзӣ ва грантӣ ба имзо расида, воситаҳои грантӣ дар ин созишномаҳо 105,4 млн. доллар ва воситаҳои қарзӣ - 298,9 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон бар асоси дуҷониба айни замон Чин («Эксимбанк») мебошад, ки ба аввали моҳи июли соли равон ҳаҷми он беш аз 1,2 млрд. долларро ташкил дода, ин ба зиёда аз 52 фоиз аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон нисбатан зиёдтар аз Бонки ҷаҳонӣ - наздики 300 млн., Бонки осиёгии рушд - беш аз 225 млн., Бонки исломии рушд - ҳудуди 110 млн. ва Хазинаи байнулмилалии асъор - зиёда аз 107 млн. доллар қарздор аст.

Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9573 0.0025
EUR 11.8711 0.0191
RUB 0.1207 0.0011
CNY 1.5231 0.0015
Манбаъ: nbt.tj.