Роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ
Санаи 28-уми апрели соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзуи «Роҳҳои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ тавассути биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он директори генералии ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» Умеда Раҳмонова, директори ширкати брокерӣ Қадриддин Неъматов ва менеҷмент оид ба рушд Шодмон Баҳромзода иштирок намуданд. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ташкил кардани бозори хуби коғазҳои қиматноки давлатӣ ба рушди бозори коғазҳои қиматноки бахши хусусӣ ва баландгардонии сатҳи касбии савдо мусоидат мекунад. Инчунин, барои маблағгузорӣ ба активҳои бозоргир имконият фароҳам меорад.
Биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотест, ки аз тарафи иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои гардиши коғазҳои қиматнок, муайян кардани нархи онҳо, ҳар сари чанд вақт ба хоҳишмандон расонидани маълумот оид ба нарху навои бозор, ҷонибдорӣ кардани дараҷаи баланди касбии иштироккунандагон ва ғайра созмон дода мешавад.
Баромадкунандагон, ҳамчунин дар бораи мубодилаи коғазҳои қиматнок дар ҶСК «ТАЛКО голд», ҶСК «Алиф сармоя» ва ҶСК «Эсхата лизинг» ва тартиби барориши коғазҳои қиматнок дар «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» ақидаҳои хешро баён намуданд.
Тағоймурод Эшзода
http://tgfeu.tj/tj/about_the_university/news/detail.php?ID=5738