Ҳукумат 5 фоизи саҳмияҳои КМ «Зарафшон»-ро ба 1 доллар харид

Ҳукумат 5 фоизи саҳмияҳои КМ «Зарафшон»-ро ба 1 доллар харид

© Hyser.

 Ҳукумат 5 фоизи саҳмияҳои КМ «Зарафшон»-ро ба 1 доллар харид


 Ширкати байнулмилалии кӯҳкории чинии «Ҷинфен» (Гонгконг) 5 фоизи ҳиссаи саҳмияҳои худро дар сармояи оинномавии ҶДММ КМ «Зарафшон» ба ҳукумати Тоҷикистон мефурӯшад. Нархаш рамзист – 1 доллар.

 Лоиҳаи созишномаи марбута байни ҷонибҳо бо қарори ҳукумат аз 5 феврали соли равон маъқул шуморида шуд.

 Мувофиқи ин қарор, ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати имзои ин созишнома аз номи ҳукумат дастур дода шудааст.

 Баъди имзои санади мазкур ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар сармояи оинномавии ҶДММ КМ «Зарафшон» 7 млн. 274 ҳазору 724 доллар (30 фоиз) ва ширкати Чин – 16 млн. 974 ҳазору 364 доллар (700 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

 «Мухолифат ва баҳсҳо байни ҷонибҳо, ки вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва амалисозии созишномаи мазкур ба вуҷуд меоянду тарафҳо бо дигар восита ба созиш намеоянд, тариқи машварату гуфтушунидҳо ҳаллу фасл мешаванд», - гуфта мешавад дар қарори ҳукумати Тоҷикистон.

 Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли тилло 70 фоиз ба ин корхона рост меояд.

 Охири соли гузашта фаъолияти корхона муваққатан қатъ шуд. Аз Вазорати саноат он замон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки боздошти муваққатии фаъолияти корхона ба навсозии хати технологӣ марбут аст. КМ «Зарафшон» аввали моҳи феврал фаъолияти худро барқарор намуд.

Манбаъ: Гузаштан

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9541 -0.0032
EUR 11.8852 -0.0648
RUB 0.1185 -0.0007
CNY 1.5216 -0.0006
Манбаъ: nbt.tj.