Дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд

Дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд

© Getty


Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд дар Тоҷикистон Фонди бозтамвил таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, фонди мазкур имконият медиҳад, ки дастрасии устувори дарозмуддат барои бозтамвили дохилӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Гуфта мешавад, илова бар ин, Фонд механизми самаранок ва шаффоф барои ҷалби маблағҳои иловагӣ аз донорҳо ва сармоягузороне мебошад, ки барои рушди минбаъдаи бахши молиявии Тоҷикистон маблағгузорӣ ё сармоягузорӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Фонди бозтамвил расман д 7 июни соли 2017 ар Кумитаи андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Бонки Миллии Тоҷикистон ва Вазорати адлия барои пешбурди фаъолияти Фонди бозтамвил ба муҳити ҳуқуқии кишвар тағйирот ворид намуда, 19 сентябри соли 2017 «Фонди бозтамвил» соҳиби иҷозатнома гардид.

Санаи 4 октябри соли 2017 дар маҷлиси муштараки донорҳо ва таъсисдиҳандаи Фонди бозтамвил Шӯрои сарпарастон- (аз ҷониби номзадҳои Ҳукумати Тоҷикистон, Шӯрои донорҳои рушд ва ҷомеаи бонкии Тоҷикистон) роҳбари Фонди бозтамвил таъин карда шуд. Фонди бозтамвил муассисаи устувор мебошад, ки рушди иқтисодиёт, соҳибкории хурду миёна, минтақаҳои деҳот ва аҳолии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Ташкил ва фаъолияти Фонди бозтамвил бо дастгирии Бонки Олмонии Рушди (KfW) дар чаҳорчӯбаи ҳамкории минтақавии молиявии Олмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин бо дастгирии иловагии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад.

Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9249 0
EUR 11.6427 0
RUB 0.1169 0
CNY 1.5095 0
Манбаъ: nbt.tj.