Имкони то 3,1 млрд. доллар расидани қарзи берунаи Тоҷикистон дар соли оянда

Имкони то 3,1 млрд. доллар расидани қарзи берунаи Тоҷикистон дар соли оянда

© WNS

Имкони то 3,1 млрд. доллар расидани қарзи берунаи Тоҷикистон дар соли оянда


Ҳукумати Тоҷикистон интизорӣ дорад, ки қарзи берунаи ҷумҳурӣ то охири соли оянда ба андозаи 235 млн. доллар меафзояд.


Дар Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳо дар давраи солҳои 2020-2021 қайд мешавад, ки соли 2019 ҳаҷми қарзи кишвар 3 млрд. 108 млн. долларро ташкил хоҳад дод. Аввали моҳи октябри имсол ҳаҷми қарзу беруна 2 млрд. 727 млн. долларро ташкил дод.

Давоми се соли оянда афзоиши қарзи хориҷӣ ба маблағи 714 млн. доллар дар назар аст. Ҳамин тариқ, мувофиқи интизориҳои ҳукумат охири соли 2020 ҳаҷми қарзи беруна 3 млрд. 327 млн. доллар ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 – ба 3 млрд 442 млрд. доллар мерасад.

Таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо назардошти афзоиши нишондиҳандаи ахирӣ се соли оянда ба андозаи 38,6% аз рӯи натиҷаҳои соли 2019 ва то ба 37,4 дар охири соли 2021 коҳиш меёбад.

Афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 78,2 млрд. сомонӣ дар соли 2019 то ба 99,4 млрд. сомонӣ дар соли 2021 пешгӯӣ мешавад.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст.

Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин қарзҳои нисбатан зиёд назди Бонки ҷаҳонӣ (318 млн. доллар), Бонки рушди Осиё (278 млн. доллар) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ вуҷуд дошта, ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди зиддибуҳронии ЕвразЭС, Фаронса, Олмон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди аврупоии сармоягузорӣ ва Фонди Абӯ-Дабӣ низ қарзҳои начандон зиёд дорад.


Сарчашма: Гузаштан

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EB19 100.12 16.04.2018 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 9.6800 0
EUR 10.7380 0
RUB 0.1515 0
CNY 1.3767 0
Манбаъ: nbt.tj.