Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурд.
Дар маълумоти дар сомонаи ширкат интишоршуда дар ин робита қайд мешавад, ки аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан бисёре аз тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкил эҷод мекарданд.
«Ҳоло филиали ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад, - омадааст дар маълумот. - Аз ин бармеояд, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳо воқеият надорад, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос вуҷуд дорад».
Дар ҳамин ҳол зикр мешавад, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад.
«Дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ теъдоди плазаҳ ои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то расида, дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки қаблан дар плазаи Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳ ои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд», - шарҳ дода мешавад дар хабари ширкат.
Доир ба шарҳи «…роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурд…» ва ҳамчунин яклухт кардани нархномаҳо ба самти болоравии онҳо ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо хадамоти матбуоти ширкати IRS тамос бигирад.
Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2015 бар асоси консессия бо ҳукумат ба идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе - Чанок машғул аст.
Айни замон дар ин роҳи автомобилгар плазаҳои Варзоб, Ҳушёрӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух амал мекунанд.
Манбаъ: Гузашт