Нисфи саноати Тоҷикистонро истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнергия ташкил медиҳад

Нисфи саноати Тоҷикистонро истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнергия ташкил медиҳад

© Иллюстративное фото

Нисфи саноати Тоҷикистонро истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнергия ташкил медиҳад


Қариб нисфи ҳиссаи саноати Тоҷикистон ба истихроҷи кӯҳӣ ва электроэнеретика рост меояд.


Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли дар 10 моҳи соли равон беш аз 19,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6% бештар мебошад.

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 10 моҳи соли 2018 тариқи зайл аст: саноати маъдан (26,0%), электроэнергетика (23,2%), саноати хӯрокворӣ (19,9%), саноати масолеҳи сохтмон (10,8%),  саноати сабук (корхонаҳои пахтатозакунӣ) (10,3%), саноати мошинсозӣ (6,9%), саноати ангишт (1,3%), саноати табъу нашр (1,0%)  ва саноати нафт ва газ (0,6%).

Гуфта мешавад, дар 10 моҳи  соли 2018 рушди саноат дар ҳамаи  минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд - 109,5%, вилояти Хатлон - 112,2%, Вилояти Мухтои Кӯҳистони Бдахшон - 107,3%,  шаҳри Душанбе - 119,0% ва НТҶ 1- 22,4%-ро ташкил дод.

Зимнан зикр мегардад, ки тТибқи маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 105 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1 ҳазору 487 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.


Сарчашма: Гузаштан

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9511 0
EUR 11.8173 0
RUB 0.1187 0
CNY 1.5165 0
Манбаъ: nbt.tj.