ПРЕСС – РЕЛИЗ Оиди конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок

ПРЕСС – РЕЛИЗ Оиди конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок

ПРЕСС – РЕЛИЗ

Оиди конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок


24 феврали соли 2018 дар бинои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Конфронси илмӣ – амалӣ бахшида ба масъалаҳои заминаҳо ва имкониятҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикикстон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад бо суханронӣ иштирок варзиданд:

- Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурмаҳмадиён Ҷамшед

- Директори ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ», Шерназаров А.

- Сардори Идораи амалиёт дар бозори озод, Бонки миллии Тоҷикистон, Ёкубов М.

Дар кушодашавии расмии Коференсия, Нурмаҳмадиен Ҷамшед аз ҷумла қайд намуд: «Яке аз воситаҳои муҳими ҷалби сармоя, беҳбудии бахши бонкӣ ва идомаи сохтори иншоотҳои давлатӣ ин биржаи фондӣ мебошад. Дар оянда бо мақсади тақвияти рушди ин институт Вазорати молия омода аст бо дигар сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ намояд».

Дар идомаи Конференсия, директори Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ, Шерназаров Алишер, маълумот оиди хусусиятҳои фаъолияти ин институти молиявӣ равшан намуд.

Дар навбати худ, Ёкубов Мирхаёт, Сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон, оиди батанзимдарории сиёсати молию пулии БМТ қайд намуд: «Дар соли 2017 аз ҷониби БМТ бо мақсади батанзимдарории бозоргири қоғазҳои қиматнок ба маблағи 8,7 млрд. сомонӣ бароварда шуданд»

Баъд аз ба анҷом расидани суханрониҳо, қисми машваратии ҷамъомад оғоз ёфт, ки дар он иштирокчиён имконияти амиқтар дарк кардани масъалаҳои маърӯзаи Конференсияро доштанд.

Дар хотимаи ҷамъомад, аз ҷониби Ректори Донишкадаи молия ва иқтисод, Хайрзода Шукрулло, қайд гардид, ки натиҷаҳое, ки мо имруз дар давраи истиқлолият ноилашон гашта истодаем, дар давлатҳои муттарақии ҷаҳон муддати асрҳо такмил ёфта буданд. Ин ҳама, бешубҳа натиҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирии бозори муташаккил равона карда шудааст мебошад.

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9364 -0.0074
EUR 11.7348 -0.1633
RUB 0.1168 -0.0012
CNY 1.5112 -0.0017
Манбаъ: nbt.tj.