Рушди устувор ва занон дар роҳбарӣ

Рушди устувор ва занон дар роҳбарӣ

ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» (CASE) якҷоя бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии (IFC) ва Созмони-Занон  (UN Women) маросими ифтитоҳи савдо “Ring the Bell for Gender Equality” баргузор гардид ва ҳамзамон суҳбатҳо дар мавзӯи «Рушди устувор ва занон дар роҳбарӣ» гузаронида шуд.
Маросими ифтитоҳи савдо “Ring the Bell for Gender Equality” барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди фарогири гендерӣ ва дастгирии баробарии гендерӣ дар заминаи сиёсат ва принсипҳои рушди устувор ESG тарҳрезӣ шудааст.
    Суҳбатҳо дар мавзӯи « Рушди устувор ва занон дар роҳбарӣ» бо иштироки коршиносони варзидаи соҳаи молия ва идоракунии корпоративӣ баргузор гардид, ки мавзӯъҳои марбут ба дастгирии фарогири гендерӣ дар роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои бузургро баррасӣ карданд.
CASE бори аввал аст, ки чунин маросимро дар доираи татбиқи ташаббуси СММ «Биржаҳои устувори фондӣ» – Sustainable Stock Exchanges Initiative баргузор менамояд, ки CASE дар аввали соли чорй ба ин созмон хамрох шудааст. Ҳамасола беш аз 100 Биржаҳо дар саросари ҷаҳон ин маросимро дар доираи Ташаббуси UN SSE баргузор менамояд. Ин чорабинии мазкур ба таври анъанавӣ дар саросари ҷаҳон аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молия (IFC), Паймони глобалии СММ, ташаббуси СММ «Биржаҳои устувори фондӣ» ва Федератсияи ҷаҳонии биржаҳо дастгирӣ карда мешавад. Ҳамасола беш аз 100 Биржаҳо дар саросари ҷаҳон ин маросимро дар доираи Ташаббуси UN SSE баргузор менамояд.
Зимни ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори CASE Умеда Раҳманова қайд карданд: «Мо умедворем, ки баргузории маросими ифтитоҳи савдо барои ҷомеаи молиявии маҳаллӣ як анъанаи хубе хоҳад шуд ва Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ на танҳо як платформаи савдои коғазҳои қиматнок, балки як платформаи муколама дар мавзӯи гуногунии гендерӣ дар муҳити тиҷорати имрӯза хоҳад буд».
    Бо суханронии ифтитоҳи дар маросими солонаи “Ring the Bell for Gender Equality” баромад намуданд: Маҷиди Юсуф Хайрулло - Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат - Директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурматова Мадина – Роҳбари Лоиаҳои  IFC оиди бахшҳои хусусӣ ва молиявӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва Ҳамидова Азиза – Роҳбари Созмони Занони СММ дар Тоҷикистон.
    Ҳамчун баромадкунандагон дар мавзӯи «Рушди устувор ва занон дар роҳбарӣ» баромад намуданд: Замира Самадова - директори ҶДММ «Имкон Консалтинг», Фирӯза Исҳоқова - Раиси Шӯрои директорони ҶСК “Бонки Эсхата”, Гуланор Атобек - Раиси Раёсати ҶСК «Алиф Бонк», Лола Салимова - Коршиноси миллии БАТР оид ба гендер, Алишер Шерназаров - Раиси Шӯрои директорони ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ», Мадина Ержанова - Директори департаменти стратегия ва рушди корпоративии ҶСК «Холдинги миллии идоракунии «Байтерек» (Қазоқистон).
    Баромадкунандагон дар баробари суханронӣ ба хотири кушодашавии савдо дар ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ба гонг зарба заданд.  

Барои маълумот:
ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» (СASE) соли 2015 таъсис ёфта, як платформаи савдои коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. CASE узви Ассотсиатсияи байналмилалии биржаҳои ИДМ (МАБ СНГ), нозир дар Федератсияи биржаҳои фондии Евро-Осиё (FEAS) ва иштирокчии ташаббуси СММ «Биржаҳои фондӣ барои рушди устувор» (UN SSE) мебошад.

Барои маълумоти бештар муроҷиат намоед:
Тел.: +992 (37) 227-34-93
Почтаи электронӣ: info@case.com.tj

Возврат к списку

'bitrix:news.list__' is not a component

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9346 0.0028
EUR 11.4846 -0.0266
RUB 0.1051 -0.0018
CNY 1.5043 -0.0026
Манбаъ: nbt.tj.