ТАЛКО ба истихроҷи тилло шурӯъ карданист, вале шарикони муносиб намеёбад

ТАЛКО ба истихроҷи тилло шурӯъ карданист, вале шарикони муносиб намеёбад

© financialpost

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли оянда ба коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шурӯъ карданист.

Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд.

«Корҳои амалисозии ин лоиҳаи сармоягузорӣ соли 2017 идома ёфта, аммо барои оғози коркарди конҳо, як тартибу расмиёти муайнеро бояд анҷом дод, ки вақти зиёдро тақозо мекунад», - гуфтанд дар ТАЛКО.

Айни замон ширкати бритониёии Micon International Ltd. ба арзёбии захираи конҳо, ки ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ кашф шуда буданд, машғул аст.

«Соли 2018 оғози корҳои истихроҷу ғанисозӣ (истеҳсол)-и тиллову нуқра ва сурма ба нақша гирифта шудааст», - таъкид доштанд дар ширкат.

Ҳамзамон ТАЛКО ба дарёфти шарикони муносиб барои маблағгузории муштарак ба ин лоиҳаи бузургмиқёс низ машғул аст.

«Шариконе, ки ба мо ҳамкорӣ пешниҳод мекунанд, пеш аз ҳама ба металлҳои мушаххас таваҷҷуҳ доранд, - иброз доштанд дар ТАЛКО. - Аммо дар ин конҳо металлҳои дигари гаронарзиш, аз ҷумла селен низ вуҷуд доранд, ки ба гунаи мисол, 1 грамм селен 37 ҳазор доллар нарх дорад. Аз ин рӯ, ин металлҳоро мо сарфи назар нахоҳем кард. Бинобар ин, корҳо каме ба дарозо мекашад».

Ҳанӯз моҳи июни соли 2015 ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО»-ро қабул кард.

Дар чаҳорчӯби ин барнома, раҳбарияти ширкат ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» ва «Чӯлбой» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Моҳи декабри ҳамон сол ширкат иҷозатнома гирифт, ки мувофиқи он ба ТАЛКО барои истифода аз ин конҳо дар муддати 25 сол ҳуқуқ дода шуд.


Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.6683 0.0017
EUR 11.4386 -0.0237
RUB 0.1205 -0.0007
CNY 1.4672 -0.0004
Манбаъ: nbt.tj.