Тоҷикистон аз Ӯзбекистон газ мехарад, вале аҳолӣ аз он бенасиб мемонад

Тоҷикистон аз Ӯзбекистон газ мехарад, вале аҳолӣ аз он бенасиб мемонад

© news.tj


То охири сол баимзорасии қарордоди яксола дар назар буда, мувофиқи он аз аввали соли 2018 интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя дубора оғоз мегардад.

Аз оғози соли оянда Тоҷикистон интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистонро, ки панҷ сол пеш қатъ гардида буданд, дубора барқарор карданист.

Айни замон миёни ширкатҳои марбут ба истихроҷу таҳвили гази давлатҳо гуфтушунидҳо ҷараён дошта, «Тоҷиктрансгаз» таваҷҷуҳ ва талаботи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба гази табииро муайян мекунад.

Марҳилаи аввали гуфтушунид дар ин хусус як моҳ қабл дар Тирмиз доир гардида, аввали моҳи ноябр ширкатҳои дахлдори кишварҳо зимни вохӯрӣ дар Тошканд арзиш ва ҳаҷмҳои эҳтимолии интиқоли газ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар ин робита изҳор доштанд, ки агар интиқоли гази табиӣ барқарор шавад, он ба аҳолӣ дода намешавад, зеро зербинои ин сохтор қариб даҳ сол аз истифода канор монда, куҳнаву фарсуда шудааст, ки хатари зиёд дорад ва ҳамчунин ба гумон аст, ки аҳолӣ ба пардохти маблаги гази воридотӣ қодир бошад.

«Ширкат дар ин масъала танҳо бо корхонаҳои саноатии манфиатдор ба гирифтани гази табиӣ аз Ӯзбекистон гуфтушунид дошта, баъди ҳаллу фасли масъалахои омодагӣ ва талаботи корхонаҳо, ба «Ӯзбектрансгаз» ҳаҷми мушаххаси интиқол пешниҳод ва бар асоси он ҷонибҳо арзиши онро мувофиқа хоҳанд кард», - гуфтанд дар «Тоҷиктрансгаз».

Сардори Раёсати масолеҳи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шамсиддин Иброҳимов ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала қайд кард, ки тамоми зербинои интиқоли гази табиӣ ба корхонаҳои саноатӣ омода буда, вале корхонаҳо дар навбати аввал ба арзиши газ таваҷҷуҳ мекунанд ва агар он писанд афтад, розӣ хоҳанд шуд ва гузашта аз ин, гази табиӣ сӯзишвории аз нигоҳи экологӣ тоза аст.

Таҳлилгар Уткир Умарбоқиев бар ин назар аст, ки корхонаҳоро ба гузаштан ба истифодаи гази табиӣ уҳдадор кардан лозим нест, зеро ин ҷо хавф ҳам вуҷуд дошта, таҳвилгари газ метавонад аз иҷрои уҳдадории мунтазам таъмин кардан набарояд.

Ҳамчунин коршиносон ба «Тоҷиктрансгаз» тавсия медиҳанд, ки дар ин кор «ба тиҷорат машғул нашавад», чунки қаблан иловапардохтҳои ширкати газрасон беш аз 25% аз нархи харидаро ташкил медоданд ва мувофиқи мақсад аст, ки нархи интиқол на бештар аз 5% аз нархи харидаро ташкил диҳад.

Иқтисодчӣ Салим Искандаров мегӯяд, ба умеди кишвари ҳамсоя нашуда, энергетикаи дохилӣ - электроэнергетка ва энергетикаи офтобиро рушд мебояд дод ва ҳарчанд дар натиҷаи хуб шудани муносибатҳо миёни кишварҳо,  чун замони пешин дигар он фишанги пурқуввати фишор вуҷуд надошта бошад ҳам, ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ҳодисаи панҷ сол пеш боз такрор нашавад.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов сифатан тағйирёбии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро амри табиӣ дониста, изҳор мекунад, ки «раҳбарияти нави кишвари ҳамсоя нақши созандаи худро дар минтақа дарк карда, агар дар фурсатҳои наздик аз рӯи баъзе масъалаҳо созиш ҳосил шавад, метавон аз беҳбуди некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар интизорӣ дошт ва дар ин росто, иродаи сиёсии сарони кишварҳо зарур аст».

Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9573 0.0025
EUR 11.8711 0.0191
RUB 0.1207 0.0011
CNY 1.5231 0.0015
Манбаъ: nbt.tj.