Тоҷикистон ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ворид гардид

Тоҷикистон ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ворид гардид

© Акси намоишӣ

Тоҷикистон ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ворид гардид


Тоҷикистон дар қатори Қирғизистон, Миср, Марокаш, ва Тунис ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (Global Textiles and Clothing programme - GTEX) ворид гардид, ки маблағгузораш Ҳукумати Швейсария ва иҷрогараш Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) мебошанд.


Ҷиҳати муаррифии барномаи GTEX ба ниҳодҳои давлатию бахши хусусии Тоҷикистон Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, имрӯз, 9-уми апрел, бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе гардид. Дар ҷараёни ин боздид, ки то 14-уми апрел идома меёбад, ҷаноби Заргарян, ҳамчунин, чорабиниҳо ва бахшҳои калидии барнома, механизм ва равишҳои иҷрои онро бо ҳамкорон аз ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, бахши хусусӣ, ва созмонҳои байнулмилалӣ баррасӣ мекунад.

Барномаи нави чаҳорсола, ки барои солҳои 2018-2021 тарҳрезӣ шудааст, ҳадаф дорад, то содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз Тоҷикистонро боло бибарад ва ба ин васила, дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ва имконияти дарёфти даромад барои тамоми соҳаро фароҳам биорад. Барнома ба кишварҳои интихобшуда ҷиҳати роҳандозии тиҷоратҳои рақобатпазир ва устувор ва бунёди ҷойҳои дарозмуддати корӣ, махсусан барои занону ҷавонон мусоидат менамояд.

Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва ояндадори содиротӣ дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Аз нигоҳи ҳаҷми содирот ба шумули содироти нахи пахта дар кишвар дар мақоми дуввум меистад. Бо вуҷуде, ки феълан Тоҷикистони ғанӣ аз пахта тақрибан 90%-и нахи пахтаашро ҳар сол содир мекунад, ҷумҳурӣ ҷиҳати бунёди занҷираи комили коркарди ашёи хом ба маҳсулоти тайёр қадамҳои стратегӣ гузошта, ният дорад, ба бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти тайёри нассоҷии “Истеҳсоли Тоҷикистон” барояд.

Ҷаноби Завқӣ Завқизода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳим будани соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои иқтисоди кишварро таъкид мекунад: “Тоҷикистон кишвари пахтапарвар мебошад ва мо талош дорем, то дар дохили ҷумҳурӣ коркарди пурраи пахтаро то  расонидан ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монем. Бо дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, шарикони  мо аз Ҳукумати Швейтсария ва МТБ дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – гузариш аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба иқтисоди саноатӣ-аграрӣ мусоидат менамоянд”.

Бо такя ба дастовардҳои қаблии МТБ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон, лоиҳа дастгирии корхонаҳои мунтахаби хурду миёнаи соҳаро идома дода, онҳоро ба бозорҳо ва шабакаҳои фурӯш пайваст менамояд. Ин ширкатҳо имкон хоҳанд ёфт, то ҷойҳои ҳозираи кории худро ҳифз намоянд ва барои афзоиши даромад тавассути баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии худ ва соҳаашон талош кунанд.

Лоиҳа ба ниҳодҳои пуштибони тиҷорат, ба мисли ширкатҳои мунтахаби консалтингӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, ва донишгоҳҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад, то зарфиятҳои фаъолият ва мудирияти худро тақвият бахшанд ва ба корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ хидматрасониҳои гуногуни босифат пешниҳод намоянд.

МТБ аз соли 2009 бад-ин сӯ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон фаъолият мебарад. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: “Сабаби интихоби ин соҳа бар пояи потенсиали он барои рушд сурат гирифта, мутмаинем, ки  ин соҳа метавонад барои гуногунсозии содирот аз Тоҷикистон саҳми муҳим бигузорад. Соҳа, ҳамчунин, аз нигоҳи имкониятҳои фароҳамсозии ҷойҳои корӣ, махсусан барои занон, имкониятҳои фаровон дорад”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои  амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон   тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.


Сарчашма: Гузаштан

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9542 0
EUR 11.9313 0
RUB 0.1192 0
CNY 1.5222 0
Манбаъ: nbt.tj.