Тоҷикистону Русия таҳримҳо дар парвозҳоро комилан бекор карданд

Тоҷикистону Русия таҳримҳо дар парвозҳоро комилан бекор карданд

© Time Magazine

Тоҷикистону Русия таҳримҳо дар парвозҳоро комилан бекор карданд


Тамоми маҳдудиятҳое, ки қаблан дар алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ҷорӣ шуда буд, аз байн бардошта шуд.


Баъди музокироти мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда дар парвозҳои ҳарду ҷониб комилан аз байн бардошта шуданд.

Бино ба маълумоти ТАСС, ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои таъйиншударо дар ҳаҷми на камтар аз ҷадвали парвозҳои мавсими зимистони солҳои 2017-2018 пурра тасдиқ намуданд.

«Ғайр аз ин, дар ҷадвали хатсайрҳои мавсими тобистон боз 4 хатсайри нав: Перм - Душанбе, Жуковский - Кӯлоб, Челябинск - Хуҷанд ва Краснодар - Хуҷанд илова мешавад», - омадааст дар маълумот.

Дар Вазорати нақлиёти Русия қайд кардаанд, ки ҳайатҳо оид ба тадбирҳои минбаъда дар самти рушди алоқаи ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин зикр шудааст, ки маҳдудиятҳои қаблан эълоншуда низ ҷорӣ нахоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти авиатсионии Русия ният доштанд, ки аз 5 апрел иҷозатномаҳои парвози ширкатҳои Somon Air ва Tajik Air-ро аз Душанбе ба Маскав ва Новосибирск ва ҳамчунин аз Хуҷанд ба Новосибирск бозхонд кунанд.

Қаблан ба парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» аз Перм ба Душанбе, аз Краснодар ба Хуҷанд, аз Челябинск ба Душанбе ва аз Жуковский ба Кӯлоб иҷоза нашуд. Айни замон парвозҳо бо ин самтҳоро ҳеҷ кадоме аз ширкатҳо анҷом намедиҳад.

Дар навбати худ Вазорати нақлиёти Русия парвозҳои Somon Air-ро аз Душанбе ба Екатеринбург, Иркутск, Қазон, Краснодар, Красноярск, Петербург, Сочи ва аз Хуҷанд ба Қазон ва Санкт-Петербург манъ кард.

Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвози чор ширкати русиягӣ -  "Уралские авиалинии", "ЮТэйр", S7 ва "Северний ветер"-ро ба Душанбе ва Хуҷанд бозхонд кард.


Сарчашма: Гузаштан

Возврат к списку

Тикер Нархи охирин Вақт
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00
EL24 1005.39 17.07.2022 10:00:00

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9511 0
EUR 11.8173 0
RUB 0.1187 0
CNY 1.5165 0
Манбаъ: nbt.tj.