Биржаи Фондии Осиёи Мирказӣ - институти нави молиявии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад. Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ (БФОМ) моҳи апрели соли 2015 ҳамчун платформаи нодир барои савдои ташкилкардашуда бо коғазҳои қиматнок таъсис гардид. Ба қатори саҳмдорони БФОМ ширкати GMEX Group - яке аз бузургтарин ширкатҳои Британияи Кабир, ки ҳалли инноватсионӣ ва технологияҳоро дар соҳаи бозори молиявӣ пешниҳод менамояд, дохил мешавад. Дар навбати худ саҳмдори GMEX Group - Deutsche Borse Group, ки яке аз ташкилотҳои бузургтарини биржавии ҷаҳон маҳсуб меёбад, мебошад.
Мақсади асосии БФОМ - ташаккули муҳити сармоягузории қуллай, шаффоф ва боэътимод барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ, ташкили имкониятҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ барои ширкатҳо бо шароитҳои нисбатан мусоид дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, пешниҳоди таҷҳизоти навтарини технологӣ барои иштирокчиёни касбии бозори фондӣ мебошад. Аҳдҳои дар толори биржавӣ басташуда бо кафолати иҷроиш таъмин шудаанд ва ба шаффофият ва ошкоро будани савдои биржавӣ мусоидат менамоянд.
Биниш:
Таъсиси платформаи мувофиқ барои сармоягузорон ва ширкатҳои барои савдо бо воситаҳои молиявӣ, бо риояи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳадаф:
Ҳадафи БФОМ – дар рушди бахши молиявии Тоҷикистон, тезонидани рушди иқтисодӣ, пешниҳоди маблағгузории иловагӣ ба ширкатҳои Тоҷикистон, таъмини имкониятҳои сармоягузорӣ ба сармоягузорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ асос меёбад.