Дар чорчӯбаи масъалаҳои Стратегия ва вазифаҳои Ҷамъият Кумита оид ба банақшагирии стратегӣ амалӣ менамояд:
- роҳбарии фаъолияти Директори генералии Ҷамъият оид ба муайянкунии вазифа ва мақсадҳои Ҷамъият;
- роҳбарии фаъолияти Директори генералии Ҷамъият оид ба коркарди нақшаҳои стратегии рушди Ҷамъият ва муайян намудани вазифаҳои дарозмуддати он, аз нав дида баромадани нақша ва вазифаҳои нишондодашуда, инчунин пешниҳоди тавсияҳо ба Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) дар ҳолатҳои зарурӣ.
- коркард ва аз нав дида баромадани расмиёт ва қоидаҳои банақшагирии стратегӣ дар ҳамкории зич бо Директори генералии Ҷамъият, инчунин таҳияи ҳуҷҷате, ки дар он тартиби иштироки Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) дар ҷараёни банақшагирии стратегӣ нишон дода шудааст;
- таҷассуми стратегияи таҳиягардида дар нақшаҳои мушаххаси фаъолияти Ҷамъият;
- давра ба давра аз нав дида баромадани нақшаи стратегӣ ва вазифаҳои дарозмуддати Ҷамъият барои таъмини мувофиқати онҳо ба вазифа ва мақсадҳои Ҷамъият;