Кумитаи листингӣ мақоме мебошад, ки фаъолиятро вобаста ба баҳодиҳии сифати коғазҳои қиматнок, инчунин дигар воситаҳои молиявӣ ва мувофиқи мақсад будани дастрасии онҳо ба савдо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои аз ҷониби Биржа гузарандашавандаро барои ворид намудан (хориҷ намудани) коғазҳои қиматнок ба Рӯйхат (аз Рӯйхат), ки ба савдо иҷозат дода шудаанд, инчунин гузариши коғазҳои қиматнокро аз як дараҷа ба дараҷаи дигар амалӣ менамояд. Барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои худ Кумита: • Дар ҷаласаҳои Кумита муҳокима намудани масъалаҳоеро, ки ба баррасии он пешниҳод мегардад, амалӣ менамояд. • Ҳангоми зарурат дар ҷаласаҳои Кумита намояндагони Биржа ва шахсонеро, ки ба ҷаласа даъват гардидаанд, мешунавад. • Пешниҳодот ва тавсияҳоро аз рӯи масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳодгардида, коркард менамояд. • Дигар амалҳоеро иҷро менамояд, ки барои ҳалли масъалаҳои Кумита равона гардидаанд. |
Самадова Замира Раиси кумита |