БРОКЕР
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки фаъолияти брокериро амалӣ менамояд. Амалиётҳоро бо қоғазҳои қиматнок бо супориши мизоҷ ё аз номи худ иҷро мекунад.
text
ДИЛЕР
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки амалиётро бо қоғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ иҷро менамояд, яъне шахсе, ки фаъолияти дилериро амалӣ менамояд.
ИДОРАКУНАНДА
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо коғазҳои қиматноки ба ў ба идоракунии боваринок супоридашуда, ихтиёрдорӣ мекунад, яъне фаъолият оид ба идоракунии портфели коғазҳои қиматнок.
МАҲФУЗДОРАНДА
Иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок, ки хизматрасониро оид ба нигоҳдории сертификатҳои коғазҳои қиматнок ва/ё баҳисобгирӣ ва гузашти ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок амалӣ менамояд.
НИГОҲДОРАНДАИ ФЕҲРИСТ
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки фаъолиятро оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматноки номӣ дар асоси шартнома бо эмитент иҷро мекунад.
ТАШКИЛОТИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ КЛИРИНГӢ
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматноке, ки фаъолиятро оид ба муайян ва ҳисоби намудани ӯҳдадориҳои тарафайни иштирокчиёни бозори фондӣ иҷро менамояд.