Соли 2016 бори нахуст дар таърихи кишвар ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва беш аз 3 тонна нуқра истеҳсол шуд. Соли равон афзоиши он дар назар аст.
Ҷараёни истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз қаъри замини Тоҷикистон босуръат идома дорад. Аз оғози сол танҳо истихроҷи нуқра қариб ду баробар афзуда, истихроҷи тилло низ дар ҳоли зиёдшавӣ аст. Дар афзоиши истихроҷи металлҳои қиматбаҳо Вазорати саноат саҳми корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон»-ро қайд мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло - 21% ва нуқра - 92% афзудааст. Рақами мушаххаси ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳоро дар Тоҷикистон мансабдорон ифшо накарда, изҳор медоранд, ки чунин маълумот махфӣ аст.
Қаблан тобистони ҳамин сол вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода қайд карда буд, ки ин соҳа аз ҷониби ҳукумату президент дастгирӣ меёбад.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 ҳаҷми истихроҷи тилло - 500 кило ва нуқра - 200 кило зиёд шуд.
Дар назар аст, ки аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 (каме бештар аз 2,4 тонна) 7 баробар афзуда мешавад.
Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузург дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
«Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад, - таъкид доштанд дар ин ниҳод. - Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст».
Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки иҷозатнома барои истихроҷи тилло дар Тоҷикистонро асосан ширкатҳои Чин дастрас мекунанд, ки маъмулан бо намояндагони тиҷорати Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.
Манбаъ: Гузашт