Рӯзи 17 апрели соли 2024 нахустин пардохти купонҳо ба дорандагони коғазҳои қиматноки давлатии дусола (КҚД), ки 17 январи соли равон дар ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» бо шартҳои бозорӣ ҷойгир карда шудаанд, анҷом дода шуд. Қобили қайд аст, ки даромадҳо аз хариду фурӯши КҚД андозбандӣ намешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи «Қоидаҳои барориш ва ҷойгиркунии коғазҳои қиматноки давлатӣ», ки дар санаи 02 марти соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, аз моҳи январи соли 2024 Вазорати молияи ҶТ ба таври мунтазам музоядаҳо оид ба КҚД-и кутоҳмуддат ва дарозмуддат баргузор менамояд. Дар ояндаи наздик истифодаи КҚД дар амалиётҳои РЕПО имконпазир хоҳад шуд ва имкони зуд гирифтани қарзи кутоҳмуддат ва инчунин, гирифтани қарзҳои бонкӣ тавассути истифодаи КҚД ҳамчун гарави таъминотӣ фароҳам меояд.
Шахсоне, ки мехоҳанд дар савдои КҚД иштирок намоянд, метавонанд бо таквими барориши КҚД дар сомонаҳои Вазорат ва Биржа дар пайванди http://moliya.tj/Admin/Documents/GetFile/783
шинос шаванд.
Ҳар як хоҳишманд, аз ҷумла сармоягузори хориҷӣ, метавонад КҚД-ро тавассути иштироккунандагони музоядаҳои КҚД харад. Ин метавонад, бо интихоби мизоҷ, ширкати брокерӣ ё бонке бошад, ки бо он шартнома дар бораи хариди КҚД баста мешавад
Барои маълумоти муфассал ба рақами +9922273493 занг занед ё ба суроғаи info@case.com.tj нависед.
Асъор | Қурб | Тағирот |
USD | 10.6616 | 0.0002 |
EUR | 11.2480 | -0.003 |
RUB | 0.1061 | -0.0002 |
CNY | 1.4712 | -0.0012 |