Меъёри баланди бозтамвили БМТ баҳри нигаҳдории таваррум

Меъёри баланди бозтамвили БМТ баҳри нигаҳдории таваррум

© intellinews.com

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро бетағйир - дар сатҳи 16 фоиз боқӣ гузошт. Ин тасмимро дар БМТ ба «маҳдуд намудани хавфҳои эҳтимолии таваррумӣ ва тадриҷан паст намудани таваррум то сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок» нисбат медиҳанд.

«Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи сентябри соли равон раванди поёнравӣ дошта 6,7 фоизро ташкил дод. Гарчанде нишондоди мазкури таваррум аз сатҳи интизоршавандаи он пасттар ҷамъбаст ёфтааст, аммо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад», - омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, тағйирёбии таварруми солона дар ин давра асосан бо таъсири омилҳои мавсимӣ ва пешниҳодот, бахусус дар натиҷаи болоравии шадиди нархи маҳсулоти сабзавот (бахусус картошка, сабзӣ ва пиёз) дар нимсолаи аввал вобастагӣ дошт.

«Дар маҷмӯъ, ба таваррум омилҳои аз лиҳози ғайримонетарӣ, мавсимӣ ва равандҳои кӯтоҳмуддат бештар таъсир расонида, нишондиҳандаи мазкур дар ҳудуди дурнамои нишондиҳандаи мақсаднок 7,0 (+/-3) фоизи солона ҷамъбаст ёфт», - таъкид мешавад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки то интиҳои сол бо назардошти таъсири афзоиши нархи хизматрасониҳо (қувваи барқ) ва омилҳои мавсимӣ, сатҳи таваррум аз ҳадафи муқарраршуда (7,0 фоизи солона) тағйир меёбад ва дар давраи миёнамуҳлат ба нишондиҳандаи мақсаднок бармегардад.

Зикр мегардад, ки дар баробари ин, хавфи зиёд шудани интизориҳои таваррумӣ вобаста ба тадриҷан афзудани хароҷотҳои инвеститсионии буҷети давлатӣ, хароҷотҳои иловагии соҳибкорон дар натиҷаи болоравии тарифаҳои хизматрасонӣ, афзоиши талаботи мавсимӣ ба асъор, ноустувории молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавҷуд буда, дар давраи кӯтоҳмуддат метавонад ба сатҳи нархҳо таъсир расонад.

«Вобаста ба ин, ҷиҳати нигоҳ доштани раванди муътадили сатҳи нархҳо дар давраи миёнамуҳлат, пурзӯр намудани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва вусъат додани амалиётҳои он, меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 16,0 фоизи солона муқаррар карда шуд», - илова мешавад дар хабар.

Аз оғози соли равон Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро аз 11 то ба 16 фоиз боло бурд. Чунин меъёри баланд танҳо дар соли буҳронии 2008 ва меъёри бештар пасттар - 4,8 фоиз соли пешазбуҳронии 2014 муқаррар шуда буд.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Ба истилоҳи дигар, мувофиқи ин меъёр Бонки миллӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ қарз медиҳад. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.


Манбаъ: Гузашт

Возврат к списку

'bitrix:news.list__' is not a component

Манбаъ: Investing.com.
Асъор Қурб Тағирот
USD 10.9190 0
EUR 11.5534 0
RUB 0.1097 0
CNY 1.5030 0
Манбаъ: nbt.tj.